Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 26-уми июн хабарнигори бахши тоҷикии Радиои Озодӣ дар Душанбе Бароталӣ Назаров (Барот Юсуфӣ)-ро аз ҳаққи кор маҳрум кард. Чаҳор хабарнигори дигари Радиои Озодӣ мунтазири ҳалли иҷозатномаи фаъолият мебошанд.
Ҳарлем Дезир, намояндаи САҲА дар умури озодии матбуот, дар изҳороти рӯзи 27-уми июн гуфт, “иҷозатнома набояд ба унвони як василаи назорати муҳтаво ё маҳдуд кардани ҷараёни иттилоот истифода шавад. Аз мақомот мехоҳам, ки эътиборномаи кори Барот Юсуфиро барқарор кунанд ва ба ҳамкорони ӯ иҷозаи фаъолият диҳанд."
Рӯзи 26-уми июн намояндагони бахши тоҷикии Радиои Озодӣ ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон даъват шуданд. Ба онҳо иттилоъ дода шуд, ки иҷозатномаи кории Барот Юсуфӣ муваққатан боздошта шудааст, "зеро ӯ чанд дафъа дар гузоришҳояш ҳизби феълан дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломиро зикр кардааст".
Ҷоанна Левисон, раиси бахши робитаҳои Радиои Аврупои Озодӣ/Радиои Озодӣ рӯзи 28-уми июн гуфт, ҳукумати Тоҷикистон аккредитатсияро барои муҷозоти Радиои Озодӣ барои гузоришҳои мустақил ва касбиаш истифода мекунад
Вай афзуд, "ба ҷойи пуштибонӣ аз матбуот, ки як ӯҳдадории байналмилалии ҳукумат аст, аккредитатсияро барои маҳдуд кардани кори матбуот истифода мекунад. Бори аввал нест, ки ҳукумат аккредитатсияи журналистони моро бозмедорад. Чунин корро соли 2016 ҳам карда шуд. Дар паи хашми ҷомеаи байналмилалӣ ва ҳам интиқоди зиёд, ҳукумат дар фурсати кӯтоҳ дубора аккредитатсияҳоро барқарор кард. Умедвор ҳастем, ки ҳукумат ин дафъа низ чунин хоҳад кард. Мо қаблан аз пуштибонии созмонҳои байналмилалӣ арзи сипос карда будем ва умедворем, ин дафъа низ ба мо кумак хоҳанд кард."
Гузориши видеоӣ: Радиои Озодӣ: "Иҷозаи кори Барот Юсуфиро барқарор кунед!"
Барот Юсуфӣ аз соли 2004 хабарнигори бахши тоҷики Радиои Озодӣ аст. Қаблан дар нашрияҳои "Ҷумҳурият" ва "Рӯзи нав" кор кардааст.